LIVE

Садио Мане беҳтарин футболбози сол дар Африқо эълон шуд

Ҳамлагари тими «Бавария» ва мунтахаби Сенегал Садио Мане футболбози сол дар Африқо эълон шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати тими миллии Сенегал Мане барандаи Ҷоми миллатҳои Африқо шуд. Вай пеналтии ғалабаоварро ба самар расонд.

Мане дар мавсими гузашта бо "Ливерпул" Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаро ба даст овард. Инчунин дар якҷоягӣ бо даста ба финали Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт. Дар чемпионати Англия Мане бо «Ливерпул» ҷойи дуюмро гирифт.

Дар мавсими 2021/2022 Мане дар ҳайати «Ливерпул» дар тамоми мусобиқаҳо 51 бозӣ гузаронида, дар онҳо 23 гол ва 5 партофти головар кардааст.

Дар трансфери тобистона Мане аз "Ливерпул" рафт ва бо "Бавария" шартнома баст. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳи мюнхен то соли 2025 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив