LIVE

Дар Сенегал варзишгоҳ ба номи Садио Мане бунёд мешавад

Дар Сенегал варзишгоҳеро ба номи ҳамлагари бошгоҳи «Ливерпул» ва тими миллии Сенегал Садио Мане мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Мане дар ҳайати тими миллии Сенегал соҳиби Ҷоми миллатҳои Африқо шуд. Ҳамлагар дар ҳар ҳафт бозии тими миллии Сенегал ширкат карда, дар онҳо се гол ва ду партофти головар анҷом додааст. Дар бозии ниҳоӣ бо Миср, дар дақиқаи 7-уми вохӯрӣ Садио Мане ҷаримаи 11-метраро ба самар расонида натавонист, аммо иштибоҳи худро дар силсилазарбаҳои ёздаҳметраи пас аз бозӣ ислоҳ кард ва ба тими миллии худ дар ин мусобиқа пирӯзӣ овард.
Ба иттилои манбаъ, варзишгоҳе, ки ба номи Мане гузошта мешавад, дар ҳоли сохтмон буда, соли оянда ба истифода дода мешавад. Ин объект дар зодгоҳи футболбоз - Седиу ҷойгир аст.
Сенегал барои аввалин бор дар таърих Ҷоми Африқоро ба даст овард. Мунтахаби Миср бошад, қаблан ҳафт маротиба дар ин мусобиқаи асосии қитъа пирӯз шуда буд, ки ин натиҷаи рекордист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив