LIVE

Садио Мане: Вақте ки ман бозӣ мекунам, ҳеҷ кас дар Сенегал кор намекунад

Ҳамлагари ҷадиди «Бавария» Садио Мане дар бораи маъруфияташ дар Сенегал сӯҳбат кард. 
«Вақте ки ман бозӣ мекунам, он рӯз дар Сенегал касе кор намекунад. Барошон майдондории ман мисли ид аст. Ҳама маро дар телевизион тамошо мекунанд. Ҳоло, ки ман дар Мюнхен ҳастам, вақте ки “Бавария” бозӣ мекунад, ҳеҷ кас дар Сенегал кор намекунад. 
Орзуи асосии ман гирифтани ҷоизаҳои зиёд бо «Бавария» мебошад. Ин дар ҳақиқат он чизест, ки ман аз ҳама бештар мехоҳам" гуфтааст Мане.
Рӯзи 22 июн "Бавария" дар бораи интиқоли ҳамлагари 30-солаи сенегалӣ аз "Ливерпул" хабар дод. Ба иттилои Transfermarkt, шартномаи форварди «Ливерпул» 32 миллион евро буд. Мане бо дастаи нав шартномаи сесола ба имзо расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив