LIVE

Мане расман тарки дастаи «Ливерпул» кард

«Бавария»-и Мюнхен бо дастаи  «Ливерпул» дар бораи гузариши Садио Мане ба мувофиқа расид. Тарафҳо музокиротро ба охир расониданд. "Ливерпул" гузариши футболбози 30-солаи сенегалии худро ба дастаи олмонӣ расман иҷозат дод. Мане дар соли 2016 бо арзиши 41,2 миллион евро аз "Саутгемптон" ба "Ливерпул" гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳамлагари сенегалӣ дар 269 бозӣ 120 гол ва 48 ассист кардааст. Шартномаи Садио бо бошгоҳи англисӣ охири мавсими оянда ба анҷом мерасад, аммо худи футболбоз бо сабабҳои номаълум хоҳиши гузариш ба дастаи "Бавария" намуд. Мюнхениҳо фардо ин ҳамлагарро расман бозигари худ эълон мекунанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив