LIVE

ПСЖ дар талоши Садио Мане

Ҳамлагари тими “Ливерпул” Садио Мане метавонад дар тобистон ба Лигаи 1-и Фаронса гузарад. Қаҳрамони Фаронса - "ПСЖ" довталаби асосӣ барои ба даст овардани ин ҳамлагар ба ҳисоб меравад.

Дар ҳоле ки ояндаи Мане номуайян боқӣ мемонад, худи сенегалӣ хоҳиши дар клуб монданро карда, изҳор дошт, ки ҳама чиз ба ӯ маъқул аст ва хушбахт аст. Аммо ҳамлагари 30-сола тасмими ниҳоиро пас аз бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо "Реал Мадрид" мебарорад.

Ба ғайр аз "ПСЖ", ба Мане ду дастаи Аврупо - "Бавария" ва "Барселона" низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.  Шартномаи Садио бо «Ливерпул» то тобистони соли 2023 амал мекунад. Дар мавсими 2021/2022 Мане дар тамоми мусобиқаҳо 50 бозӣ карда, ба задани 23 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив