LIVE

Мане мухлиси кист?

Форварди сенегалии бошгоҳи “Ливерпул” - Садио Мане ҳайати орзуҳои худро тартиб дод. Футболбози маъруфи сенегалӣ дар ҳайати тими худ Роналдинйо ва Эл Хаҷӣ Диуфаро, ки аз хурдӣ меписандид, ҷой дод.

"Инчунин ба ман бозии Самюэл Это’О писанд аст. Ӯ футболбози нодир аст. Ҳамчунин Яя Туре низ яке аз беҳтаринҳост... Ман аз қафои Месси меравам. Албатта! Ман ҳамеша Мессиро меписандам ӯ нодиртарин нобиғаи футбол аст", — иқтибос меорад SPORTbible аз суханҳои Мане.
Мане дар мавсими ҷории ПЛА дар ҳайати “Ливерпул” 26 маротиба ба майдон омада, ба задани 14 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив