LIVE

"Бавария" ва "Ливерпул" масъалаи Садио Манеро ҳал карда натавонистанд

 «Бавария»-и Мюнхен бо дастаи  «Ливерпул» дар бораи гузариши  Садио Мане ба мувофиқа нарасиданд. Тарафҳо рӯзҳои наздик музокиротро идома медиҳанд. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо дар Твиттер хабар додааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки "Ливерпул" аз маблағе, ки мюнхениҳо барои футболбози 30-солаи сенегалӣ пешниҳод кардаанд, қонеъ нест. "Бавария" 29 миллион евро пешниҳод кард (бо назардошти бонусҳо).

Мане дар соли 2016 бо арзиши 41,2 миллион евро аз "Саутгемптон" ба "Ливерпул" гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳамлагари сенегалӣ дар 269 бозӣ 120 гол ва 48 ассист кардааст. Шартномаи Садио бо бошгоҳи феълиаш охири мавсими оянда ба анҷом мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив