LIVE

"Ҳосилот" якбора аз нуҳ бозигари худ ҷудо шуд

"ҲОСИЛОТ"  БО ЯК ЗУМРА БОЗИНГАРОНИ  ХУД ҚАРДОДИ ВАРЗИШИРО ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ҚАТЪ НАМУД.
   Роҳбари дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо Сармураббӣ Амин Субҳонӣ ба хулосае омаданд, ки бо бозингарони зерин аз ҷумла Фатҳулло Бобоев, Наврӯз Рустамов, Далер Шомуродов, Далер Чолов, Алишер Сафаров, Бӯризода Муҳаммад, Мелод Байлампур, Муссисо Фароук ва Саид Аскарализода қардоди варзиширо пеш аз мӯҳлат қатъ намояд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки бо панҷ бозингари дигар низ қардоди ба имзорасонидаи даста пеш аз мӯҳлат бекор карда мешавад.
  Сабаби ба чунин хулоса омадани роҳбарияти тим ва ситоди мураббиён ин натиҷаи  ғайриқаноатбахши нишон додани бозингарони боло зикр  дар марҳилаи аввали чемпионат мебошад.

 Ҳамчунин роҳбарияти даста пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар равзанаи гузариши тобистона бозингарони соҳибтаҷрибаро ба тим даъват намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив