LIVE

Сармураббии "Ҳосилот" Қурбоналӣ Шарифов беҳтарин мураббии моҳи сентябр

Пеш аз оғози рақобат миёни дастаҳои   “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ва “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон дар вазъияти тантанавӣ дипломи беҳтарин “Сармураббӣ” дар моҳи август ва 2000 сомонӣ мукофотпулиро ба Қурбоналӣ Шарифов  сармурабии тими “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор супорида шуд.
 Зикр намудан ба маврид аст, ки дастаи “Ҳосилот” таҳти роҳбарии ин мутахассиси ҷавон дар моҳи сипари шуда чор бозӣ гузаронида, дар се рақобат пирӯзӣ ба даст оварда дар як бозӣ  ҳисоби мусовиро ба қайд гирифтааст. 
     Аз дақиқаҳои аввали рақобат бозингарони Фархорӣ бо як боварӣ ба майдон баромада, дар назди мухлисони сершумори футбол аз худ ҳунари воло нишон доданд. Далер Чолов ва Хайрулло Азизов қаҳрамонҳои асосии ин рақобат ба ҳисоб мерафтанд. Далер Чолов се  гол ва Хайрулло Азизов бошад  як гол ба дарвозаи “Моҳир” зада, ғолибияти навбатии дастаашонро бо ҳисоби 4:0 таъмин намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив