LIVE

Ғалабаи "Ҳосилот" бар "Панҷшер" дар даври 13-ум

Рақобати асоси дар даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум ин бозии дастаҳои "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор ба шумор мерафт. Дар дақиқаи 15-уми қисми аввали дидор Далер Чолов бозингари боистеъдоди тими  "Ҳосилот" дарвозаи мизбононро рахна намуда,  ҳисоби бозиро кушод. 
    Дар дақиқаи 85-уми рақобат ҳисоб бози дигар шуд Исроили Сомон бозингари дастаи "Ҳосилот" дар лаҳзаҳои тақдирсоз тӯби дуюмро ба дарвозаи мизбонон ворид сохта ҳисоби бозиро ба манфиати тими хеш тағийр дод. Дар лаҳзаҳои охири дидор  соҳибони майдон низ як гол ба дарвозаи меҳмон ворид намуданд. 
        Ҳамин тариқ бозингарони дастаи "Ҳосилот" тавонистанд дастаи "Панҷшер"-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда,  се имтиёзи заруриро ба сабади имтиёзҳояшон ворид намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив