LIVE

"Ҳосилот" дар бозӣ бар муқобили "Динамо" ба натиҷаи мусовӣ даст ёфт

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бозии мавқуф гузоштаи даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои "Ҳосилот" ва  "Динамо"-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Қисми аввали рақобати дастаҳо бе задани гол ба анҷом расид. Дар дақиқаи 65-уми майдондорӣ меҳмонон дарвозаи мизбононро рахна сохта, ҳисоби бозиро кушоданд. 
Дар дақиқаҳои қисмати охири майдондорӣ бозингари дастаи "Ҳосилот"  Саидхони Амрохон тӯби ҷавобиро ба дарвозаи "Динамо" зада ҳисобро баробар намуд. Ҳамин тариқ дар бозии мавқуфгузоштаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои "Ҳосилот" ва "Динамо" бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив