LIVE

Ғалабаи дуюми "Ҳосилот" дар Лигаи якум

Дар оғози даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор дар майдони худ "Барқчӣ"- и шаҳри Ҳисорро қабул намуд. Аз оғози рақобат соҳибони майдон ташаббуси майдондориро ба ихтиёри хеш гирифта, барои се имтиёз талош варзиданд. 
Дар дақиқаи 35-уми рақобат бозингари мизбон Хайрулло Азизов дарвозаи меҳмононро рахна намуда, ҳисобро кушод. Баъди гузашти панҷ дақиқа "Барқчӣ"  ҳисобро 1:1 намуда бо ҳамин ҳисоб дастаҳо ба танаффус баромаданд. 
Дар дақиқаи 65-уми рақобат меҳмонон ба қоидавайронкунӣ роҳ дода, ба нафъи дастаи мизбон ҷаримаи 11 метра таъмин намуданд.  Хайрулло Азизов бехато ба нишон расониди зарбаи 11 метра ҳисобро 2:1 намуда, дублро ба номаш сабт намуд. 
 Муҳсинҷон Мадуллоев дар дақиқаи 85-ум голи сеюми "Ҳосилот" -ро ба самар расонид.  Бо шикаст додани дастаи "Барқчӣ"  бо ҳисоби 3:1 дастаи "Ҳосилот" дуюмин ғалабаи хешро дар оғози чемпионати имсола ба қайд гирифт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив