LIVE

Бохти "Равшан" аз "Ҳосилот" дар Ҷоми ФФТ-2022

Имрӯз дар доираи бозиҳои Ҷоми ФФТ-2022 дар минтақаи Кӯлоб рақобати маркази миёни дастаҳои "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор ва "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  баргузор гардид. Дар ин рақобат дастаи ноҳияи Фархор бар рақибаш ғолиб омад. Голҳои дастаи "Ҳосилот"-ро Муҳсин Мадуллоев дар қисмҳои якум ва дуюми рақобат ба самар расонид. Бо шикаст додани дастаи "Равшан" бозингарони дастаи "Ҳосилот" ба даври ниманиҳоӣ Ҷоми ФФТ-2022 дар минтақаи Кӯлоб роҳхат гирифтанд.
Ба хотири иштироки фаъолона ва роҳхат гирифтан ба даври ниманиҳоии мусобиқа бозингарони дастаи "Ҳосилот" аз ҷониби иҷрокунандаи вазифа раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода дар ҳаҷми 15000 (понздаҳ ҳазор сомонӣ) ҳавасманд гардонида шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив