LIVE

Ғалабаи мушкили "Ҳосилот" дар сафар бар муқобили "Сарҳадчӣ"

Дар идомаи бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум, - "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор бо дастаи футболи "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ рақобат намуд. Дар дақиқаи 50-уми майдондорӣ ҳамлавари моҳири дастаи "Ҳосилот" Далер Чолов тӯбро вориди дарвозаи соҳибони майдон намуда, ҳисоби бозиро кушод.  Дар дақиқаи 65-ум бозигари собиқадору соҳибтаҷриба Сайдалӣ Сафаралӣ тӯби дуюмро вориди дарвозаи "Сарҳадчӣ" намуд. Дар охирин лаҳзаҳои майдондорӣ мизбонон як гол ба дарвозаи меҳмонон ворид намуданд. Ҳамин тариқ бозингарони дастаи "Ҳосилот" "Сарҳадчӣ"-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, имтиёзи заруриро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти асосии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум ширкати “tennisi.tj” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив