LIVE

Тенниси: “Ҳосилот” дарвозаи “Ваҳдат”-ро голборон намуд

Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дар майдони худ “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро қабул намуд. "Ҳосилот" алакай дар даққиқаи 2-юм тавассути голи Хайрулло Азизов ба пеш баромад. Бо гузашти ҳамагӣ як даққиқаи дигар Саидхони Амрохон голи дуюми дастаашро дар ин бозӣ ба самар расонид. Дар қисмати дуюми бозӣ ҳамлавари “Ҳосилот” - Далер Чолов ду голоро дар номи худ сабт намуд.  Ягона голи худро бозигарони дастаи “Ваҳдат” баъд аз иҷрои пеналтӣ ба қайд гирифтанд. Ҳамлавари дастаи “Ҳосилот” Нурулло Маҳмудов дар дақиқаҳои 66-ум 85-ум ва 89-уми бозӣ ба задани се гол даст ёфта, хет-трикро ба қайд гирифт.    Ҳамин тариқ бозии мазкур бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 бар нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид.
 “Ҳосилот” баъд аз панҷ давр бо касби 15 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқа мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки сарпарасти расмии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум ва барномаи "Фатҳ"-и Тв Футбол ширкати https://tennisi.tj мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив