LIVE

Тенниси: Лигаи якум: "Динамо" ва "Ҳосилот"и Фархор барои лигаи олӣ мубориза мебаранд.

Даври чоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба ҷуз бозии дастаҳои “Сарҳадчӣ” ва “Барқчӣ” ҳамагӣ баргузор гардиданд. Рақобати марказии даври мазкур дидори тимҳои “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ва “Динамо”-и шаҳри Душанбе буд, ки ҳарду тим барои устувор кардани мавқеъҳои худ дар ҷадвал барои дарёфти се имтиёзи зарурӣ муборизаи беамон бурданд. Дастаи “Динамо”-и шаҳри Душанбе дар ниҳоят тавонист, ки ба дарвозаи дастаи “Ваҳдат” чор гол ворид намояд. Дар навбати худ футболбозони дастаи  “Ваҳдат” танҳо ба задани як гол мушараф шуданд. Ҳаминтавр “Динамо” бо баъди чор даври чемпионат 9 холро соҳиб шуда, ба зинаи дуюми ҷадвали умумӣ баромад.  Ёдовар мешавем, ки сарпарасти расмии бозиҳои Лигаи якум ва барномаи "Фатҳ"-и Тв Футбол ширкати “Tennisi.tj” мебошад.
Натиҷаи бозиҳои дигари даври 4-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд. 
 Гулистон - Саройкамар  2:2 
Моҳир - Ҳосилот  2:1
Ваҳдат - Дианмо   1:4
Душанбе - Панҷшер  2:2
Куктош - Ҳулбук   2:2
Сарҳадчӣ - Барқчӣ -

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив