LIVE

Аввалин шикасти "Ҳосилот" дар мавсим

Дар рақобатҳои даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум,  дастаи "Ҳосилот" дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро қабул намуд. Дидори дастаҳо яке аз рақобатҳои асосӣ ва марказии ин давр ба ҳисоб рафта, тамошобинони зиёде шоҳиди ҳунарнамоии  бозингарони ҳар ду ҷониб гардиданд. Қисми аввали рақобат сифр ба сифр ба анҷом расид. Дар дақиқаи 50-ум бозингари меҳмонон Султонов дарвозаи Беҳрӯз Хайриевро рахна намуда. 
Дар дақиқаи 67-ум Худойдод Узоқов тӯби  дуюмро ба дарвозаи "Ҳосилот" намуд. Ҳамин тариқ  "Кӯктош" аввалин тиме шуд, ки "Ҳосилот"-ро дар чемпионати имсола бо ҳисоби 2:0 ба шикаст дучор намуд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти асосии бозиҳои Лигаи якум ширкати “tennisi.tj” мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив