LIVE

"Ҳосилот" дар хонаи худ "Ҳулбук"-ро шикаст дод.

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дар доираи баргузории  рақобатҳои  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаҳои "Ҳосилот" ва "Ҳулбук" бо ҳам рақобат намуданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки дидори онҳо яке аз рақобатҳои асосии даври 13-ум ба шумор рафта, тамошобинони зиёдеро аз ҳар ду ҷониб ба ҳам овард. Соҳибони майдон аз лаҳзаҳои аввали бозӣ ташаббуси майдондориро дар ихтиёри хеш гирифта, дар назди мухлисони футбол аз худ ҳунари воло нишон доданд. 
Дар дақиқаи 21-уми дидор Далер Чолов дарвозаи меҳмононро рахна сохта, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 44-ум довари майдон қоидавайронкуниро аз ҷониби меҳмонон ба инобат гирифта,  ба суйи дарвозаи онҳо  ҷарима 11-метра таъин намуд. Далер Шомуродов ҷаримаи таъин кардаи доварро бе хато вориди дарвозаи "Ҳулбук" карда,  ҳисобро афзун кард. Ҳамин тариқ қисми аввали бозӣ бо бартарии бозингарони Фархорӣ ба анҷом расида, дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюми рақобат ҳисоб бе тағйир боқӣ монд. Ҳамин тариқ бозингарони дастаи "Ҳосилот" дар муқобили дастаи "Ҳулбук" бо ҳисоби 2:0 ғалаба намуда, се имтиёзи заруриро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум  ширкати “tennisi.tj” мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив