LIVE

Покери Роналду ба Португалия ғалаба овард

Мунтахаби Португалия дар бозиҳои марҳилаи интихобии Евро-2020 бо тими Литва майдондорӣ кард. Рақобати дастаҳо ҷолибнок доир шуда, бо ҳисоби калони 5:1 ба суди португалиҳо поён ёфт. Дар ин набард ҳамлавари соҳибноми меҳмонон Криштиану Роналду ба задани чор гол  ё покер даст ёфт. Як тӯби дигари қаҳрамони феълии Чемпионати Аврупоро Виллиам Карвалю ба ҳадаф расонид. Ягона голи мизбононро Андрюшкевичюс муаллифӣ намуд. Дар ҳоли ҳозир Португалия бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи B қарор дорад. 

Чемпионати Аврупо
Марҳилаи интихобӣ
Гурӯҳи B
Литва — Португалия — 1:5 (1:1)
Голҳо: Криштиану Роналду, 7 —пеналти (0:1). Андрюшкевичюс, 28 (1:1). Криштиану Роналду, 62 (1:2). Криштиану Роналду, 65 (1:3). 
Криштиану Роналду, 76 (1:4). Виллиам Карвалю, 90+2 (1:5).
Литва: Шеткус, Миколюнас, Палионис, Гирдвайнис, Андрюшкевичюс, Сливка, Шимкус, Воробев, Куклис (Жулпа, 69), Вербискас (Казлаускас, 77), Лаукжемис (Петравичюс, 65).
Португалия: Руй Патрисиу, Жоау Канселу, Рубен Диаш, Жозе Фонти, Рафаэл Геррейру, Невеш, Виллиам Карвалю, Бруну Фернандеш (Рафа Силва, 56), Криштиану Роналду (Гонсалу Гедеш, 79), Жоау Феликс, Бернарду Силва (Пиззи, 89).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив