LIVE

Қатар, Лубнон ва Чин рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023

ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 БО ҚАТАР, ЛУБНОН ВА ЧИН БОЗӢ МЕКУНАД

Дар Доҳа имрӯз, 11 май маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Аз рӯи натоиҷи он мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Қатар, Лубнон ва Чин хоҳанд буд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив