LIVE

Рақибони наврасони тоҷик дар Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 30-юми март маълум мешавад

30 март дар маросими қуръакашӣ, ки дар Бангкок сурат мегирад, рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян мешавад. 
 
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар таърихи худ бори чаҳорум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади якум қарор гирифт ва мутмаинан дар як гурӯҳ бо Таиланд, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ намеафтад. 
 
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад.
 
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.
 
Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон, ки аз 10 ноябр то 2 декабр дар Перу баргузор мешавад, роҳхат мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив