LIVE

Имрӯз маросими қуръакашии Ҷоми Осиё баргузор мегардад

Имрӯз соъати 16:00 ба вақти Душанбе дар шаҳри «Доха»-и Қатар маросими қуръакашии Ҷоми Осиё баргузор мегардад, ки миллипӯшони мо бори нахуст дар таърих дар ин мусобиқа иштирок хоҳанд кард

Дар ин чорабинӣ  моро ноиби президенти Федератсияи футболи кишвар Алишер Урунов, сармураббии тими миллӣ, мутахассиси ҳорватӣ Петр Шегрт ва менеҷери тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври ҳаштякумниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби қораи Осиё аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор хоҳад гашт 

Вобаста ба ин рӯйдод мо фикру андешаи чанд тан аз коршиносони футболи кишварро барои шумо, ин шом пешкаш хоҳем кард

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив