LIVE

Роҳ ба сӯи Қатар: Дастаҳои Осиё ҳарифони худро дар даври сеюм муайян намуданд

 Имрӯз дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  маросими қуръакашии марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар қитъаи Осиё баргузор гардид.   Дувоздаҳ даста  ба ду гурӯҳ иборат аз шаш дастаӣ тақсим шуданд. Ҷопон ҳамчун дастаи беҳтарини қитъа дар рейтинги ҷаҳонии FIFA  ба гурӯҳи "В" ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар ҷойи дуввуми раддабандии қитъаи Осиё  қарор дорад,  ба гурӯҳи "А" шомил шуд.  Ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ба марҳилаи асосии Ҷоми Ҷаҳон-2022 роҳхат мегиранд. Ду дастаи ҷойҳои сеюм ҳам ҳаққи муборизаро барои дарёфти роҳхат пайдо мекунанд. Қарор аст, ки бозиҳои интихобии Осиё Қатар-2022 рӯзҳои 2 ва 7 сентябр, 7 ва 12 октябр ва 11 ва 16 ноябри соли 2021, инчунин 27 январ ва 1 феврали 2022,  24 - 29 марти соли 2022 доир шаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив