LIVE

Месси сеюмин футболбоз дар таърих шуд, ки аз 100 гол бештар задааст

Ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Месси шумораи голҳои худро аз 100 бештар кард. Месси дар бозии дӯстона бо тими миллии Кюрасао хет-трик кард ва акнун шумораи голҳояшро дар мунтахаб ба 102 расонид. Ҳамин тариқ, Месси сеюмин бозигар дар таърих шуд, ки тавонист дар ҳайати тими миллии кишвараш беш аз 100 гол занад.

Аз рӯи ин нишондод ҳамлагари Португалия Криштиану Роналду бо 122 гол пешсаф аст. Футболбози эронӣ Алӣ Даеӣ, ки тарки футбол кардааст, дар ҳайати тими миллии кишвар 109 гол задааст.

Мунтахаби Аргентина бар тими Кюрасао бо ҳисоби 7:0 пирӯз шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив