LIVE

Криштиану Роналду рекорди худро боз иваз кард

5-уми июн дар доираи даври 2-юми Лигаи Миллатҳо тими Португалия дар гурӯҳи 2 –и Лигаи А тими миллии Швейтсарияро қабул кард. Мизбонон ба хисоби 4:0 галаба карданд. Ду голро дар ин бозӣ Криштиану Роналду ба ҳадаф расонид. Ҳамин тариқ, Роналду рекорди шахсии худро оид ба голҳо дар ҳайати тими миллӣ нав кард. Ҳоло бозигари дастаи «Манчестер Юнайтед» 117 гол дорад, ки мисли пешин натиҷаи беҳтарин дар байни ҳамаи бозигарони дастаҳои мунтахаб мебошад. Ҷойи дуюмро собиқ футболбози тими миллии Эрон Алӣ Дайӣ, ки 109 гол задааст, ишғол мекунад. 
Беҳтарин нишонзанҳои тимҳои миллӣ:
1. Криштиану Роналду (Португалия) – 117 гол дар 188 бозӣ;
2. Алӣ Даеӣ (Эрон) – 109 гол дар 148 бозӣ;
3. Мохтар Даҳари (Малайзия) – 89 гол дар 142 бозӣ;
4. Лионел Месси (Аргентина) – 86 гол дар 162 бозӣ;
5. Ференс Пушкаш (Маҷористон) – 84 гол дар 89 бозӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив