LIVE

Месси ҳанӯз ҳам аз Роналду қафост

Ҳамлагари тими миллии Аргентина Лионел Месси дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2021 бо Боливия (4-1) ду гол зад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ФИФА сарвони мунтахаби Аргентина шумораи голҳояшро дар бозиҳои   байналмилалӣ  ба 75 адад расонидааст. Ҳоло ӯ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини тимҳои миллӣ дар ҷои нуҳум қарор дорад.

Рӯйхати голзанҳои дастаҳои мунтахаб:
1-2. Алӣ Даеӣ (Эрон) - 109 гол
1-2. Криштиану Роналду (Португалия)
3. Мохтар Даҳари (Малайзия) - 89
4. Ферентс  Пушкаш (Маҷористон) - 84
5. Годфри Читалу (Замбия) - 79
6. Ҳусейни Саид (Ироқ) - 78
7. Пеле (Бразилия) - 77
8. Алӣ Мабҳут (АМА) - 76
9-12. Лионел Месси (Аргентина) - 75
9-12. Шандор Котсис (Маҷористон)
9-12. Кунисиге Камамото (Ҷопон)
9-12. Башор Абдуллоҳ (Кувайт).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив