LIVE

Месси-як қадами дигар то рекорди нав

Лионел Месси дар ҳоли муаллифии рекорди нав аст. Вай аллакай аз рӯйи шумораи бозиҳо дар  мунтахаби Аргентина бо Хавйер Маскерано баробар шуд. Ҳамлагари "Барселона" -и Каталония дар даври навбатии Ҷоми Амрико метавонад аз рӯи шумораи бозиҳо дар  тими миллӣ рекорди навро ба номаш муҳр занад.
Капитани "Барселона" ва тими миллии Аргентина Лионел Месси  дар  бозии Ҷоми Амрико-2021 бо Парагвай дар ҳайати асосӣ вориди майдон шуд. Ин бозӣ барои ӯ 147-ум дар тими миллии Аргентина буд. Ҳамин тариқ, футболбози 33-сола аз рӯи шумораи бозиҳои дастаи мунтахаби кишвараш бо Хавйер Маскерано баробар шуд.
Собиқ ҳамдастааш аллакай ба дастоварди Лео вокуниш нишон додааст. Маскерано Мессиро бо такрори рекордаш табрик намуда, ба ӯ дар ҳайати Аргентина бисёр бозиҳоро орзу кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив