LIVE

Бозигари собиқи “Барса” аз футбол дур шуд

Футболбози собиқи “Барселона”- Хавйер Маскерано, ки охирин дастааш “Эстудиантес” буд,  тарки футболи касбӣ карданашро эълон кард. 
«Вақти он расидааст, ки пас аз он чизе ки дар тӯли моҳҳо бо ман рӯй дод, фаъолияти худро ба анҷом расонам. Беҳтарин коре, ки имрӯз анҷом дода метавонам, ин ба анҷом расонидани корномаи худ аст. Ман тамоми умри худро ба касбам бахшидам, зиндагии худро ба футбол ҳар қадаре ки метавонистам қурбон кардам. Ман мехоҳам ба клубе, ки ба ман имкони бозгашт ба Аргентинаро фароҳам овард, ташаккур гӯям”.
Маскерано дар дастаҳои “Барселона”, “Ливерпул”, “Вест Хэм Юнайтед”, “Коринтианс”-и Бразилия, “Ривер Плейт”-и  Аргентина, “Hebei China Fortune”-и Чин ва “Эстудиантес” -и Аргентина бозӣ кардааст.  Хавйер аз соли 2003 дар дастаи мунтахаби Аргентина бозӣ мекунад. Якҷоя бо тими миллӣ, нимҳимоятгар дар бозиҳои олимпӣ ду маротиба (2004, 2008) ғолиб омада, ба финали Ҷоми Ҷаҳон (2014) баромад ва дар финали Ҷоми Амрико чаҳор маротиба (2004, 2007, 2015, 2016) ширкат варзид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив