LIVE

ЭтоО: Азар дар сатҳи Месси бозӣ мекунад

Ҳамлагари собиқи "Анжи", ки аз соли 2004 то 2009 дар "Барселона" бозӣ кардааст, назари худро дар бораи нимҳимоятгари каталониҳо Серхио Бускетс ва ҳамлагари белгиягии “ Реал” - Эден Азар баён кард.

"Ман дар ҳақиқат мехоҳам, ки Серхио Бускетс дубора бозии хуби худро нишон диҳад. Вақте ки ӯ дар сатҳи баланд бозӣ мекунад, “Барселона”  ҳамеша ҷоизаҳо ба даст меорад. Эден Азар? Ин бозигари дараҷаи Лионел Месси аст ва ӯ имкон дорад, ки боз ҳам хубтар бозӣ кунад”, - иқтибос меорад аз суханони Это’О AS.

Серхио Бускетс дастпавари академияи “Барселона” аст. Ӯ аз соли 2008 дар ҳайати асосии клуб бозӣ мекунад ва Бускетс дар солҳои охири ҳунарнамоии Это’О дар “Барсаелона” бо ҳам бозӣ кардаанд.  Дар ҳайати “Барса” футболбоз ҳашт маротиба чемпиони Испания шуда, се маротиба Лигаи чемпионҳоро ба даст овардааст.
Эден Азар тобистони соли 2019 аз “Челси”-и Лондон ба “Реал Мадрид” пайваст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив