LIVE

Боз як рекорди нави Месси

Мунтахаби Аргентина дар бозии аввали худ дар Ҷоми Амрико бозиро бо мунтахаби Чили бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод. Ягона голи аргентинагиҳоро ҳамлавари “Барселона” Лионел Месси дар дақиқаи 33-юм рост аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонд. Ин гол барои Месси, голи 73-юм дар ҳайати мунтахабаш ба шумор рафта, голи 39-ум дар бозиҳои расмии Аргентина мебошад. Бо ин голи задаи худ, Лео аз Батистута пеш гузашта рекорди навро дар мунтахаби кишвараш гузошт.

Хотиррасон менамоем, ки дар дақиқаи 57-ум Варгас аз мунтахаби Чили ҳисобро баробар намуда, нагузошт, ки аргентинагиҳо соҳиби 3 имтиёз гарданд. Мунтахаби Чили барои Аргентина доимо дарди сар эҷод мекунад. Зеро маҳз чилигиҳо ду дафъаи ахир, дар финали чорабинии бонуфузи футболи қораи Амрико онҳоро ноком гардонда, нагузоштанд, ки соҳиби ҷом гарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив