LIVE

Дастаи рамзии тамоми давру замон аз нигоҳи France Football

Нашрияи бонуфузи фаронсавии France Football беҳтарин ҳамлагарони ҳама даврҳоро муайян кардааст.
Футболбози «Барселона» ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси беҳтарин ҳамлагари канори рост дониста шуд. Беҳтарин ҳамлавари марказ ба қавли нашрия қаҳрамони ҷаҳон дар солҳои 1994 ва 2002 бо тими миллии Бразилия Роналдо мебошад. Криштиану Роналду форварди дастаи “Ювентус”-и Турин ва бозигари тими миллии Португалия беҳтарин сафдари чапи ҳама давру замон дониста шуд. Нашрия ғолибро бо роҳи овоздиҳӣ муайян кард.

Дастаи рамзии тамоми давру замон чунин аст:
Лев Яшин (СССР) - Паоло Малдини (Италия), Франc Бекенбауэр (Олмон), Кафу (Бразилия) - Лоттар Маттеус (Олмон), Хави (Испания), Диего Марадона (Аргентина), Пеле (Бразилия) - Криштиану Роналду (Португалия) , Роналдо (Бразилия), Лионел Месси (Аргентина).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив