LIVE

Футболбози дустдоштаи Марадона кист?

Собиқ футболбози беҳамто Диего Марадона  акси якҷояи худро бо Роналдо ин гуна тавзеҳ дод. “Ман ба фарзандонам мехоҳам бигӯям, ки ӯ ҳам Роналду ва ҳам Месси аст”. Ин гуфтаҳо  шоҳиди он аст, ки қаҳрамони ҷаҳони соли 1986 дар ҳайати мунтахаби Аргентина, Марандонаи дастон  футболбози бразилиро на танҳо аз Криштиану Роналду, балки аз ҳамватани худ - Месси низ беҳтар хондааст. Ба ақидаи ӯ Роналду ва Месси дар якҷоягӣ метавонанд Роналдо бошанд. Ёдовар мешавем, ки Роналдо то 2011 ҳунарнамоӣ мекард, аммо бо иллати гирифтани якчанд ҷароҳатҳои вазнин маҷбур шуд, то тарки футбол намояд. Ӯ дар ҳайати мунтахаби Бразилия дар солҳои 1994 ва 2002 қаҳрамони ҷаҳон гаштааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив