LIVE

ФИФА исбот кард, ки беҳуда ҷоизаи “The Best”-ро ба Месси надодааст

Сарвони тими мунтахаби Никарагуа - Хуан Баррера қаблан дар ҷаҳони интернет хабарерро паҳн намуда буд, ки гӯё ӯ дар маросими овоздиҳии “The Best” ба Месси неву ба дигар муддаиён овоз додааст ва ФИФА овози ӯро қасдан ба Месси гузоштааст. Ин хабар тули ду рӯз аст, ки тамоми маҷаллаҳо ва сомонаҳои варзиширо ба ваҷъ овардааст. Имрӯз, 26-уми сентябр ФИФА дар як номаи расмӣ исбот намуд, ки сарвони яккачини Никарагуа - Хуан Баррера дар ҳақиқат ба Лео Месси, Садио Мане ва Криштиану Роналду овоз додааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан Месси дар маросими ҷоизасупории “The Best” унвони беҳтарин футболбози гетиро соҳиб шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив