LIVE

Беҳтарин футболбози таърихро ҷустуҷӯ карданд

Маҷаллаи машҳури испанӣ бо номи Marca дар сомонаи расмии хеш маросими овоздиҳиро барои муайян намудани беҳтарин футболбоз дар тӯли таърих роҳандозӣ намуд.
Овоздиҳӣ бо реҷаи онлайн плей-офф роҳандозӣ шуд, ки то даври ниҳоии он ду футболбози машҳури сайёра ҳамлавари “Ювентус” - Криштиану Роналду ва футболбози беҳамтои “Барселона” – Лионел Месси роҳ ёфтанд.
Дар ин овоздиҳӣ ситораи бошгоҳи туринии “Ювентус” ва яккачини Португалия - Роналду 54 дарсади овозҳоро соҳиб шуд. Рақиби азалии ӯ Месси бошад, 46 дарсади овозҳоро моли худ сохт. Ҳамин тавр Криштиану Роналду аз рӯи раъйдиҳии мухлисони футбол ва хонандагони маҷаллаи Marca унвони беҳтарин футболбозони тамоми даврро соҳиб шуд.
Барои роҳ ёфтан ба финал Роналду - Паоло Малдини, Зинедин Зидан ва Диего Марадонаро паси худ гузошт. Месси бошад, аз Ферентс Пушкаш, Алфредо Ди Стефано ва Роналдо овози бештар гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив