LIVE

Бозии "Барселона" - "Манчестер Юнайтед" рекордгузор шуд

Дар бозии "Барселона" - "Манчестер Юнайтед" рекорди нави тамошобинон дар Лигаи Аврупоро гузошт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии УЕФА бозии «Барселона» ва «Манчестер Юнайтед»-ро дар варзишгоҳ 90255 тамошобин тамошо кардааст. Ин бозӣ рекорди нави тамошобинони Лигаи Аврупоро гузошта, аз пешина тақрибан 10 000 нафар гузашт. 23 феврали соли 2017 ба Уэмбли, ки бозии даври 1/16 байни “Тоттенхэм” ва “Гент” баргузор шуд, 80 465 нафар ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавем, дирӯз, 16-уми феврал бозии аввали даври 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо миёни “Барселона” ва “Манчестер Юнайтед”-и Англия бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Дидори ҷавобӣ 23-юми феврал дар Манчестер баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив