LIVE

Хави: "Роналду футболбози афсонавӣ аст..."

Сармураббии "Барселона" Хави бобати ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду сухан кард. Дастаҳо дар марҳилаи 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо вомехӯранд.

"Ӯ як бозигари афсонавӣ аст - яке аз беҳтаринҳои ҷаҳон дар вақтҳои охир ва ӯ ҳоло ҳам метавонад дар майдон ҳамаро тағйир диҳад",- гуфт Хави.

Роналдуи 37-сола ҳангоми бозӣ дар дастаҳои «Манчестер Юнайтед», «Реал Мадрид» ва «Ювентус» 34 маротиба бо «Барселона» рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин вохӯриҳо ӯ 20 гол зада, се ассист додааст.

Бозии аввал байни “Барселона” ва “Манчестер Юнайтед” 16 феврали соли 2023 дар “Spotify Camp Nou” ва бозии ҷавобӣ 24 феврал дар “Олд Траффорд” баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив