LIVE

Эрик тен Ҳаг ояндаи Роналдуро муайян кард

Сармураббии «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Ҳаг дар бораи ояндаи Криштиану Роналду сухан кард.

“Албатта, ӯ ҷузъи лоиҳа хоҳад буд. Ба даста  Роналду чӣ оварда метавонад? Голҳо. Нақши дигари Роналду дар соли охири шартномааш? Пеш аз он ки бо шумо сӯҳбат кунам, ман аввал бо Криштиану сӯҳбат кардам», — иқтибос меорад суханони ҳоландиро рӯзномаи Manchester Evening News.

Роналдуи 37-сола тобистони соли 2021 ба тими Англия баргашт. Дар 39 бозии мавсим футболбози португалӣ ба задани 24 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи байни Роналду ва «Манчестер Юнайтед» дар охири мавсими оянда ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив