LIVE

Роберто Фирмино бозингари “Реал” мешавад

“Реал” мақсад дорад, ки ҳамлагари “Ливерпул”  - Роберто Фирминоро ба ҳайати худ ҷалб созанд. 
Юрген Клопп сармураббии тими «Ливерпул» мехоҳад бо ин футболбози 31-солаи бразилӣ ҳамкорӣ кунад, аммо ҷонибҳо дар бораи шартҳои шартномаи нав то ҳол ба мувофиқа наомадаанд. 

«Реал Мадрид» аз ин имконият истифода бурда, Фирминоро ҳамчун ивазкунандаи Бензема, ки шартномааш тобистони соли 2024 ба охир мерасад, ба сафи худ даъват карданист.
Роберто Фирмино аз соли 2015 дар тими “Ливерпул” бозӣ мекунад. Ҳамлагари бразилӣ дар ин мавсим дар 21 бозӣ дар тамоми мусобиқот 9 гол задааст ва 4 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив