LIVE

Карлос: «Салоҳ аз бархӯрд бо Рамос мегурезад»

Футболбози собиқи “Реал Мадрид” - Роберто Карлос дар бораи бозии қарибулвуқӯи “Ливерпул”  бо “Реал”  сӯҳбат кард. 
“Салоҳ аз бархӯрд бо Рамос худдорӣ мекунад. Вай ба Серхио наздик намешавад. Он ҳолати қаблӣ муддати дуру дароз муҳокима карда мешавад.
“Реал Мадрид” бо гузашти ҳар вохӯрӣ беҳтар мешавад. Ман фикр мекунам, ки “Реал” бояд дар майдони худ пирӯз шавад. Агар Зидан тамоми футболбозони асосиашро дар ихтиёр дошта бошад, пас он вақт “Реал” пирӯз мешавад. "Ливерпул"–и феълиро дар пушти худ гузаштан мумкин аст", - гуфт собиқ бозигари маъуфи бразилӣ Роберто Карлос.
Ёдовар мешавем, Рамос дар финали Лигаи Чемпионҳои соли 2019 Салоҳро зимни бархурд маҷрӯҳ карда буд. Мухлисони “Ливерпул” мутмаинанд, ки Рамос ин корро барқастона анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив