LIVE

Рамос бо Икер Касиляс баробар шуд

Ҳимоятгари “Реал Мадрид” - Серхио Рамос, ки дишаб бо “Элче” (2:1) бозӣ карда, ғалабаи 334-уми хешро дар Ла Лига ба даст овард. Рамос, ки аз дубора шифо ёфт, дар ҳайати асосӣ баромад ва дар дақиқаи 61-ум иваз карда шуд. Бо шарофати дубли Карим Бензема, вай аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар чемпионати Испания ба дарвозабони собиқ Икер Касиляс баробар шуд.
Ҳоло ҳарду бозингар 334 пирӯзӣ доранд. Рамос бо “Реал Мадрид” 315 ва бо “Севиля” 19 ғалаба ба даст овард. Барои муҳофизакор ин 508-умин бозӣ дар Ла Лига маҳсуб мешавад. 
Рамос аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар байни ҳамаи футболбозон дуввум шуд. Танҳо Лионел Месси дар бозиҳои бештар пирӯз шудааст.  (377).
Рамос аз соли 2005 дар дастаи “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Шартномаи ҷории ӯ бо Мадрид тобистони соли 2021 ба итмом мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив