Тими миллии Португалия дар бозии даври 6-уми Лигаи Миллатҳо Хорватияро мағлуб кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Ҳамлагари Португалия Криштиану Роналдуи 35-сола бо пироҳани тими миллии кишвараш пирӯзии 101-уми худро ба даст овард. Аз рӯи ин нишондиҳанда ӯ аз собиқ бозигари тими миллии Испания Хави пеш гузашт. Ниммуҳофизатгари испанӣ бо тими миллӣ 100 пирӯзӣ дорад. Тавре гуфта мешавад, Роналду 4-умин футболбоз дар Аврупо гардид, ки нишони 100 пирӯзӣ дар тими миллиро ба даст овард. Ба ғайр аз ӯ, чунин дастовардро се бозигари тими миллии Испания - Серхио Рамос (129), Икер Касиляс (121) ва Хави (100) ба қайд гирифтаанд.