LIVE

Роберто Карлос: Неймар бояд дар "Реал" бозӣ кунад

Собиқ ҳимоятгари "Реал Мадрид" ва тими миллии Бразилия - Роберто Карлос иқрор шуд, ки мехоҳад гузариши ҳамлагари “Пари Сен-Жермен” - Неймарро ба тими “Шоҳона” ташкил кунад. 
"Агар гузариши Неймар ба Реал аз ман вобаста мебуд, ӯ аллакай кайҳо боз футболбози ин тим шуда буд. Аммо ҳаёт он гунае нест, ки ту мехоҳӣ. Бозингарони бузург бояд дар беҳтарин бошгоҳи ҷаҳон бозӣ кунанд. "Реал" имрӯз орзу ҳама бозингар аст. Мехоҳед Лигаи чемпионҳоро ба даст оред? Ба Реал Мадрид биравед”, - иқтибос овардааст аз суханони Роберто Карлос AS. 
Тобистони соли гузашта дар бораи гузаштани Неймар ба "Реал" овозаҳо пайдо гардида буд, аммо баъдан ин гуфтаҳо ба ҳақиқат табдил наёфт. Неймар тобистони соли 2017 аз “Барселона” бо арзиши 222 миллион евро ба “ПСЖ” гузашт. Дар мавсими ҷории чемпионати Фаронса форварди бразилӣ 15 бозӣ анҷом дода, ба задани 13 гол ва 6 партофти самаровар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив