LIVE

"Реал" то соли 2024 аз Бензема ҷудо шудан намехоҳад

"Реал Мадрид" бо ҳуҷумкунанда худ Карим Бензема шартномаи нав пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, созишномаи ҷадид то тобистони соли 2024 ҳисоб карда мешавад. Бензема аз соли 2009 дар ҳайати «Реал Мадрид» бозӣ мекунад. Шартномаи фаронсавии 34-сола бо клуби шоҳона то моҳи июни соли 2023 баста шудааст. Дар мавсими 2021/2022 - Карим Бензема дар тамоми мусобиқаҳо дар 46 бозӣ ширкат карда, ба задани 44 гол ва 15 партофти головар даст ёфтааст. Аз соли 2007 инҷониб ҳамлагар ба тими миллии Фаронса даъват шудааст, ки дар он 97 бозӣ гузаронида, 37 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив