LIVE

Ҳаким Зиёш дар фикри рафтан аз "Челси" аст

Нимҳимоятгари марокашии дастаи “Челси” Ҳаким Зиёш дар фикри тарки дастааш шудааст. 
Футболбоз мехоҳад дар дастаи «Барселона» қувваи худро бисанҷад. Хабар дода мешавад, ки агенти футболбоз аллакай бо роҳбарияти бошгоҳи испанӣ дар бораи имкони гузариш гуфтушунидро оғоз кардааст.
Қобили зикр аст, ки «Барселона» пас аз рафтани Менфис Депай, ки ба сафи «Атлетико» пайваст, дар ҷустуҷӯи нимҳимоятгар қарор дорад.
Ин бозингари марокашӣ дар мавсими имсола дар ҳайати лондониҳо 9 бозӣ анҷом дода, гол назадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив