LIVE

«Челси» ду футболбози худро аз даст дод

Дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои «Челси» ва «Лилл» ду футболбози дастаи лондонӣ осеб бардоштанд. Вохӯрӣ ба ҳисоби 2:0 ба фоидаи лондониҳо анҷом ёфт. Ҳаким Зиеш ва Матео Ковачич бо сабаби мушкилоти саломатӣ қабл аз анҷоми вақти асосӣ, майдонро тарк карданд. Ниммуҳофизатгари хорватӣ дар дақиқаи 51-ум ва марокашӣ бошад, дар дақиқаи 60-ум иваз карда шуданд. Ҳарду бо кӯмаки табибон аз майдон берун баромаданд. Дар мавриди осеби гирифтаи онҳо то ба ҳол маълумоти дақиқро дастаи англис пешниҳод накардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив