LIVE

Ба Ван Дайк чӣ шуд?

Ҳимоятгари “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк дар бозии даври панҷуми Премйер-Лигаи Англия бо “Эвертон” осеб бардошту майдонро дар дақиқаи 11-уми рақобат тарк намуд.  Дар дақиқаи 6-ум дарвозабони "Эвертон" Ҷордан Пикфорд ва ван Дайк бо ҳам бархурданд, ки дар ниҳоят муҳофизатгари ҳоландӣ бозиро идома дода натавонист. Ҳарчанд Вирҷил ван Дейк кӯшиш кард, ки ба майдон баргардад, аммо дар дақиқаи 11-ум иваз карда шуд. Ҷозеф Гомес ба ҷои ӯ вохӯриро идома дод. Ёдовар мешавем, ки қисмаи аввали бозӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хатм шуд. Садио Мане дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ меҳмононро ба пеш баровард. Голи ҷавобиро бошад, аз ҳайати  “Эвертон”- Майкл Кин таслими дарвозаи “Ливерпул” сохт. Феълан дастаҳо ба танаффус баромаданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив