LIVE

Ҳаким Зиеш фаъолияташро дар мунтахаби Марокаш хотима дод

Ҳаким Зиеш аз тими миллии Марокаш ба нафақа рафт.

Нимҳимоятгари “Челси” Ҳаким Зиёш пас аз ҳунарнамоӣ дар  Ҷоми Африқо, ки дар он Марокаш дар чаҳорякниҳоӣ шикаст хӯрд, иброз намуд, ки дигар дар тими миллӣ бозӣ намекунад.
Қаблан сармураббии тими миллии Марокаш Воҳид Ҳалилҳоҷич Зиёшро барои муносибати бад ба тамринаш танқид карда буд.

"Ман ба тими миллии Марокаш барнамегардам ва ин тасмими ниҳоии ман аст. Албатта, ғамгинам, аммо ҳоло ман таваҷҷуҳи худро ба бозӣ дар "Челси" равона кардаам. Ман вокуниши мухлисонро мефаҳмам, барои ин вазъ аз онҳо узр мехоҳам",-гуфт Зиёш.

Зиеши 28-сола дар тими Марокаш 40 бозӣ анҷом дода, 17 гол ва 10 партофти головар кардааст. Аз соли 2020 инҷониб футболбоз дар ҳайати «Челси» бозӣ мекунад ва дар соли 2021 дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб омадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив