LIVE

Transfermarkt гаронарзиштарин бозигарони ПЛА-ро эълон кард

Сомонаи олмонии Transfermarkt феҳристи гаронарзиштарин футболбозони Премйер Лигаи Англияро нашр кардааст.
Ҷойи аввалро се ҳамлагар Муҳаммад Салоҳ аз “Ливерпул”, Ҳарри Кейн аз “Тоттенҳэм” ва Ромелу Лукаку аз “Челси” тақсим кардаанд – арзиши ҳарсе 100 миллион евроро ташкил медиҳанд. Ҷойи дуюмро Бруну Фернандеш аз «Манчестер Юнайтед» ва Кевин де Брюйне аз «Манчестер Сити» тақсим карданд - ҳарду 90 миллион арзиш доранд. Аҷибаш ин аст, ки Криштиану Роналду  ҳамагӣ 35 миллион евро нарх дорад. Дар баробари Педро Нету аз "Вулверхэмптон" ва Ҳаким Зиёш аз "Челси".

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив