LIVE

"Челси" барандаи Суперҷоми УЕФА

"Челси" барандаи Суперҷоми УЕФА гардид. Дар бозӣ барои дарёфти ин ҷоиза лондониҳо бар тими  "Вилярреал" ғалаба карданд.  Бозӣ дар Ирландияи Шимолӣ сурат гирифт ва бо пирӯзии шогирдони Томас Тухел аз рӯи иҷрои пеналтӣ хотима ёфт. Дар дақиқаи 27 -уми вохӯрӣ нимҳимоятгари “Челси” Ҳаким Зиеш ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 73 -юм ҳамлагари «Вилярреал» Жерар Морено ҳисобро баробар кард. Дар ниҳоят дар иҷрои зарбаи пеналтӣ бозигарони "Челси" қавитар буданд. Ҳамин тариқ, “Челси” соҳиби Суперҷоми УЕФА шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив