Дар даври 16-ум «Лейптсиг» дар майдони худ бо «Бавария» бозӣ кард. Дар дақиқаи 37-ум Эрик Чупо-Мотинг “Бавария”-ро ба пеш баровард.
Ҳафт дақиқа пас аз оғози қисми дуюм ба “Лейптсиг” муяссар шуд, ки як голи ҷавобӣ занад - Марсел Халстенберг тӯбро ба дарвозаи Ян Соммер, ки бозии аввалинашро дар ҳайати «Бавария» анҷом дод, ворид намуд.
Шогирдони Юлиан Нагелсман 35 хол ба даст оварда, пешсафи ҷадвали Бундеслига мебошанд.